Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Ташрифи гурӯҳи кории техникӣ ба ширкати “Оби Зулол” дар вилояти Суғд

Санаи 14 феврали соли ҷорӣ ҳайати гурӯҳи кории техникӣ дар доираи зеркомпаненти 3.4 лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” оид ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ аз ширкати “Оби Зулол” дидан намуданд.

Ширкати “Оби Зулол” бо ташрифи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2000 фаъолияташро оғоз намуда, дар замони соҳибистиқлолӣ давра ба давра бо технологияи муоссир таҷҳизонида шудааст.

Имрӯзҳо ширкати мазкур тавассути 9 хати истеҳсоли технологӣ фаъолиятро ба роҳ монда зиёда аз 130 намуди маҳсулотҳои хушсифат аз қабили: обҳои нӯшокии ташнашикани газдору бегаз бо ранг ва ҳаҷмҳои гуногун, ғизои кӯдакона, шаҳду шарбатҳо дар зарфҳои шишагину қоғазӣ ва дигар намуди афшураҳоро бо сифати олӣ омода менамояд.

Ҳаҷми умуми истеҳсоли маҳсулоти он дар як шабонарӯз як миллион литрро ташкил дода, зиёда аз 450 нафар кормадонро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст.

Бештари (70 фисад) маҳсулотҳои ин ширкат бо витамину минералҳо ғанӣ гардонида шуда, барои аҳолӣ махсусан занҳои ҳомила, кӯдакону наврасон манфиатовар мебошанд.

Ашёи хом ки барои истеҳсоли шаҳду шарбат, афшура ва дигар маҳсулот лозим аст, аз меваҷотҳои лазизи кишварамон (зардолу, олу, себ шафтолу, нок, биҳӣ ва сабзавотҳои тару тоза помидор, сабзӣ ва каду) омода гардида, тибқи талаботи мизоҷон коркард, бастубанд ва дастраси онҳо гардонида мешаванд.

Ҳамаи маҳсулотҳои омодагардида аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯй мебошад. Ҳайати гурӯҳи кории техникӣ аз корхонаи мазкур дидан намуда, ба фаъолияти пурсамари он баҳои баланд доданд.

Loading

X