Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Боздиди гурӯҳи кории техникӣ аз корхонаҳои истеҳсол ва коркарди орд дар вилояти Суғд

Боиси ифтихор ва сарфарозист аст, ки имрӯзҳо бо шарофати соҳибистиқлолӣ дар миқёси ҷумҳурӣ дар қатори дигар корхонаҳо зиёда аз 45 корхонаи хурду бузурги истеҳсоли орд ва коркарди он бо усули муоссир (18 адад дар вилояти Суғд, 20 адад дар вилояти Хатлон ва 7 адад дар ШНТҶ) фаъолияти пурсамар дошта, аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин менамоянд.

Санаи 13 феврали соли ҷорӣ ҳайати гурӯҳи кории техникӣ (намояндагон аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати кишоварзӣ, Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” Агентии Тоҷикстандарт ва кормандони Барномаи озуқавории ҷаҳон БОҶ) дар доираи зеркомпаненти 3.4 оид ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ махсусан орди гандум бо роҳбарони корхонаҳои истеҳсоли орд дар вилояти Суғд (ҶДММ “Хубҷамъ Инвест”, ҶДММ “АҶР”, ҶДММ “Зернавая компания”, ҶДММ “Фатир”, ҶДММ Султони Ҳаким” ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд) мулоқоти корӣ анҷом дода шуд.

Сараввал намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав Солеҳзода Умед ҷаласаро оғоз намуда, оид ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ махсусан орди гандум суханронӣ намуд.

Сипас Ҳақназаров Иномҷон — директори Институти ғизо, Афзалшоҳ Воҳидзода — корманди Агентии Точикстандарт, Абдуллоева Заррина — корманди МД “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ва Билив Гунда -мутахассис технолог оид ба ғанигардонии маҳсулоти хӯроквории БОҶ доир ба моҳият ва ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ махсусан орди гандум суханронӣ намуда, иброз доштанд: омехтаҳои (примексҳои) витамину минералҳо барои ғанигардонидани орди гандум бо мақсади баланд бардоштани ғизонокии маҳсулот барои қишри ниёзманди аҳолӣ, ки махсусан қисме аз занҳои ҳомила, кӯдакону наврасон, ки дар онҳо норасоии витамену минералҳо ба назар мерасад ва аз бемориҳои гуногун азият мекашанд пешбинӣ гардида шудааст.
Сипас аз ҷониби соҳибкорон оид ба дастрасии премиксҳо, ба роҳ мондани хати истеҳсоли микронутриент дар ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаби соҳа суолу ҷавоб сурат гирифт, ки аз ҷониби масъулин ба саволҳои додашуда ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд.

Пас аз мулоқот ҳайати гурӯҳи кории техникӣ аз як қатор корхонаҳои истеҳсолии орди гандум дидан намуданд.

Мақсади боздиди гурӯҳи кории техникӣ аз наздик шиносои пайдо намудан бо фаъолияти корхонаҳои мазкур ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои давлатҳои пешрафта дар ҷодаи ғанигардонии маҳсулотҳои хӯрокворӣ мебошад.
Корхонаҳои ҶДММ “Хубҷамъ Инвест” фаъолияташро аз соли 2018 ба роҳ монда, дар он орди навъи олӣ, навъи якум, дуюм ва сабӯс барои хўроки чорво истеҳсол мегардад. Ҳаҷми умуми истеҳсоли он дар як шабонарўз 400 тоннаро ташкил дода, зиёда аз 90 нафар кормадонро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст.

Корхонаҳои ҶДММ “Зерновая компания” дар даврони соҳибистиқлоли фаъолияташро оғоз намуда, дар он орди навъи олӣ, навъи якум, дуюм ва сабӯс барои хўроки чорво истеҳсол мегардад.

Ҳаҷми умуми истеҳсоли маҳсулоти он дар як шабонарўз 500 тоннаро ташкил дода, зиёда аз 150 нафар кормадонро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст.
Ҳамчунин аз орди истеҳсолгардида кормандони корхона зиёда аз 55 номгӯи маҳсулоти нонӣ ва қаннодиро истеҳсол намуда, пешкаши харидорон мегардонанд.

Корхонаи ҶДММ “Орди фатир” фаъолияташро аз моҳи апрели соли 2016 оғоз намуда, дар он низ орди навъи олӣ, навъи якум, дуюм ва сабӯс барои хўроки чорво истеҳсол мегардад.

Ҳаҷми умуми истеҳсоли маҳсулоти он дар як шабонарўз 200 тоннаро ташкил дода, зиёда аз 50 нафар кормадонро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудааст.
Қобили зикр аст, ки ҳамаи корхонаҳои истеҳсоли орд маҳсулоти хомро (гандум) аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид намуда, коркард ва дастраси аҳолии кишвар мегардонанд.

Корхонаҳои мазкур дар ҷумҳурӣ тибқи меъёри талаботҳои стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро ба роҳ монда, маҳсулоти омодагардида ба гурӯҳҳо бо сифатҳои гуногун ҷудо карда мешаванд. Ҳамҷунин тибқи талаботи стандартии ҷаҳонӣ бастубанд гардида, ба аҳолии кишвар пешниҳод мегарданд.

Loading

X