Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Боздиди гурӯҳи кории техникӣ аз корхонаҳои истеҳсол ва коркарди намак дар вилояти Хатлон

Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва дигар арсаҳои дохилии кишвар давра ба давра рушд меёбад.

Яке аз дастовардҳои бузург дар ҷумҳурӣ фаъолияти корхонаҳои наву замонавии хурду бузурги истеҳсолӣ ва коркарди маҳсулоти онҳо, фароҳам овардани ҷойҳои кории доимӣ барои мардум ва мусоидат ба беҳбуди вазъи иқтисодии онҳо мебошад.

Имрӯз дар манотиқи мухталифи кишвар беш аз 17 корхонаи истеҳсол ва коркарди намак бо усули пешрафта (16 адад дар вилояти Хатлон ва 1 адад дар вилояти Суғд) фаъолияти пурсамар дошта, бо намаки йодшуда (йоддор) аҳолии Тоҷикистонро таъмин мекунад ва қисме аз ҳадафи маҳсулоти истеҳсолшуда содирот аст.

Мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкориӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи зеркомпаненти 3.4 лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” санаи 7 феврали соли ҷорӣ бо гурӯҳи кории техникӣ аз як чанд корхонаи истеҳсол ва коркарди намак, ба мисли ҶДММ “Алоқа” “Намакдон” ва ҶСК “Хоҷамуъмин” дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон дидан намуданд.

Мақсади боздиди гурӯҳи кории техникӣ аз наздик шиносои пайдо намудан бо фаъолияти корхонаҳои мазкур ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои давлатҳои пешрафта дар соҳаи саноат мебошад.

Роҷеъ ба масъалаи мазкур боздиди гурӯҳи кории техникӣ аз корхонаи ҶДММ “Алоқа” оғоз гардид. Корхонаи ҶДММ “Алоқа”фаъолияташро аз соли 2003 оғоз намуда, ҳаҷми истеҳсоли он дар як сол 1450-1500 тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин корхона 16 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуда, ҳолати санитарӣ ва басту банди маҳсулот хуб роҳандозӣ шудааст.

Вобаста ба ин мақсад Корхонаи ҶДММ “Намакдон” аз соли 2011 инҷониб фаъолият дошта, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар як сол 1750 – 1800 тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин корхона низ 20 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудааст.

Корхонаи ҶСК “Хоҷамуъмин” яке аз калонтарин корхонаҳои истеҳсолӣ ва коркарди намак дар кишвар мебошад, ки бо талаботи замони муосир бунёд гардида, дар як шабонарӯз аз 30 то 32 тонна маҳсулоти хушсифат тавлид ва коркард мекунад.

Қабили зикр аст, ки ҳамаи корхонаҳои истеҳсолӣ ва коркарди намак дар ҷумҳурӣ тибқи меъёри стандартии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, маҳсулоти омодагардида ба гурӯҳҳои дорои сифатҳои гуногун тақсим карда мешаванд. Онҳо инчунин тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ бастубанд шуда, ба аҳолии кишвар ва барои содирот нигаронида шудаанд.

Дар фарҷом ҳайати гурӯҳи кории техникӣ аз ҳолати гигению санитарӣ, тавлиду коркарди маҳсулот, бастубанд ва захираи он дар захирагоҳ аз наздик шинос шуда, мувофиқи талаботи бозори имрӯзаи ҷаҳонӣ барои боз ҳам беҳтар намудани ҳолати гигениву санитарӣ ва бо сифати баланд ба роҳ мондани маҳсулот, ба масъулин тавсияҳои судманд доданд.

Loading

X