Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Боздиди гурӯҳи кории техникӣ аз Ҷамияти саҳомии Комбинати шири Душанбе

Санаи 2 феврали соли ҷорӣ як гурўҳи кории техникӣ дар Ҷамъияти саҳомии Комбинати шири шаҳри Душанбе бо намояндагони Корхонаи “ҶММ шири Истаравшан”, ҶММ шири Спитамен”, “ҶММ шири Зафаробод”, “ҶММ Нури Сафар”, ҶММ шири Деваштиҷ” ва “ҶММ шири Саодат”-и ноҳияи Хуросон, мулоқоти корӣ анҷом доданд.

Дар рафти мулоқот ҳайати гурӯҳ таҷрибаи пешқадами давлатҳои хориҷа, барои мисол Ҷумҳурии Филипинро дар мавриди ғанигардонии қисме аз маҳсулотои хӯрока таъкид намуданд. Дар корхонаҳои ин давлат дастрасии маҳсулоти хом, омодаву коркарди он, басту банд ва ба аҳолӣ пешниҳод намудани маҳсулоти омодашуда аз лиҳози экологӣ тозаи табиӣ чӣ гуна сурат мегирад, тавзеҳ дода шуд.

Сипас, аз ҷониби Назармоҳ Назарбекова Сардори бахши озмоишии Ҷамъяти саҳомии Комбинати шири Душанбе, тавассути як филми мустанад аз тарзи дастрасии маҳсулоти хом, коркарду ғанигардонӣ ва басту банди он пешкаши ҳозирин гардид.

Ӯ иброз дошт, ки ин Комбинат фаъолияти худро аз соли 1964 оғоз намуда, дар замони соҳибистиқлолӣ давра ба давра бо талаботи замон такмил ёфтааст.

Тибқи талаботи ҷомеа имрўзҳо дар корхонаи мазкур зиёда аз 83 номгўи маҳсулоти панирӣ, кўдакона, маҳаллӣ ва дигар намуди маҳсулоти ширӣ омода ва барои солимии мардуми кишвар роҳандозӣ гардидааст.

Тамоми маҳсулоти омодашуда аз минералу микроэлементҳо, аминокислотаҳо ва дигар витаминҳои барои инсон муҳим ва зарурӣ иборат буда, бинобар сабаби аз ҷиҳати экологӣ тоза ва табиӣ буданашон муҳлати масрафи онҳо то 10 рўзро дар бар мегирад.

Дар фарҷом ҳайати гурӯҳи корӣ аз ҳолати гигению беҳдоштии коргоҳҳои коркарди маҳсулот ва тарзи омодаи маҳсулот дидан намуда, ба он баҳои баланд доданд.

Loading

X