Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Барномаи табибони хок амалӣ мешавад

Бо мақсади амалӣ шудани “Барномаи глобалии табибони хок” дар доираи зеркомпоненти 3.2-и лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” бо намояндагони Ташкилоти озӯқаворӣ ва кишоварзии Созмони миллали мутаҳид (ФАО) санаи 25 январи соли ҷорӣ мулоқоти корӣ ба анҷом расониданд.

Дар рафти вохурӣ масъулин ҳолати воқеӣ ва моҳияти гузаронидани омӯзиши барномаи мазкурро барои мутахассисони соҳаи хокшиносӣ ва агрохимия мавриди баррасӣ қарор дода, ин иқдомро амали саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Зеро яке аз мушкилотҳои имрузаи ҷаҳонӣ ин таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зист махсусан ба ҳосилхезии хокҳои минтақаи ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Гузаронидани ҷунин ҷорабиниҳо чиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои лоиҳа, беҳтар кардани идоракунии ҳосилхезии хок, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ барои рушди соҳаи хокшиносӣ ва агрохимия дар ҷумҳурӣ саҳмгузор хоҳад шуд.

Loading

X