Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Омўзиши навбатӣ дар меҳмонхонаи «Хилтон»

24 январи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Хилтон» оид ба «Баланд бардоштани иқтидори касбии кормандон доир ба созишномаи қолабӣ» Тренинг баргузор гардид.

Тренинги мазкур аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ барои ҳамаи кормандони марказҳои иҷрокунандаи лоиҳа махсусан мутахассисони бахши харид, коршиносони техникӣ, мутахассисони ҳифзи муҳити зист ва иҷтимоӣ баргузор карда шуд.

Дар рафти тренинг хонум Грейс Накуя – мутахассиси калони хариди Бонки ҷаҳонӣ ва Одинаева Екатирина консултанти бахши хариди Бонки ҷаҳонӣ маълумоти умумӣ дар доираи шартномаҳо, созишномаи қолабӣ, шартҳои татбиқи онҳо пешниҳодҳо намуда, тарзи таҳияи ҳуҷҷатҳои тендериро барои хариди мол, кор ва хизматрасонӣ шарҳ дод.

Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён оид ба мавзӯи тренинг ва дигар саволҳои марбут ба расмиёти харид суолҳо пешниҳод гардида, аз ҷониби масъулин ба онҳо ҷавобҳои мушаххас пешниҳод карда шуд.

Loading

X