Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Дастрасии тухмиҳои хушсифат ва нуриҳои минералӣ ба хоҷагиҳои ниёзманд

Бо дастгирии Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” соли 2023 ба 12811 хоҷагиҳои ниёзманди ҷумҳурӣ ба миқдорӣ 5270 тонна нуриҳои минералӣ ва якқатор тухмиҳои гуногуни хушсифати дорои сертификати зироатҳои кишоварзӣ аз қабили гандум 550 тонна, картошка 1050 тонна, ҷуворимакка 100 тонна, зағер 58 тонна, пиёз 8,4 тонна, помидор 0,012 тонна, бодринг 0,9 тонна ва нахӯд 98,8 тонна дастрас намуд.

Ҳадаф аз дастрас намудани тухмиҳои хушсифати ба шароити иқлим мутобиқ ин боз ҳам зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва инчунин ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар мебошад.

Муассиса дар соли ҷорӣ тасмим гирифтааст, ки барои мустаҳакам намудани баззаи моддию техникии хоҷагиҳои ниёзманд 52 адад трактори хурдҳаҷм ва 550 адад мотоблок бо таҷҳизотҳояш дастрас намояд.

Loading

X