Омузишҳо Хабарҳо 17.01.2024 Рушд бахшидан ба рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ Рӯзҳои 15-16 январи соли 2024 дар меҳмонхонаи Румӣ-и шаҳри Душанбе семинари омузишӣ дар мавзўи “Истифодабарии маълумотҳои агрометереологӣ барои моделсозии бемориҳо ва мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон” баргузор гардид. Семинари омўзишӣ дар доираи Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати татбиқи зерқисматҳои 3.1 ва 3.3. мониторинги воқеии истеҳсолоти кишоварзӣ, истифодаи замин ва агрометеорология аз ҷониби мушовири байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим ва гидрометеорология доир гардид, ки дар он намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони Муассисаи давлатии Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ ва Маркази рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ иштирок намуданд. Ҳадаф аз баргузор намудани семинари мазкур бо усулҳои муоссир ба роҳ мондани фаъолияти ин соҳа мебошад. Дар рафти семинар масъулин нозукиҳои ин соҳаро ба иштирокчиён фаҳмонида, ба саволҳои онҳо таҳқиқотҳои судманди илман асоснокро пешниҳод намуданд.