Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Ҳолати мониторинги кишоварзӣ беҳтар мегардад

Дар доираи Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати татбиқи зерқисмати 3.1 Мониторинги воқеии истеҳсолоти кишоварзӣ, истифодаи замин ва агрометалогия мушовири байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим ва гидрометеорология Фади Карим ба кор ҷалб гардид.

Мақсади ҷалби мушовир ин таҳлили системаи мубодилаи маълумот байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии обуҳавошиносӣ дар ҳолати насби стансияҳои агрометеологӣ дар таъсиси системаи баҳисобгирӣ ва мониторинги соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Ҳамзамон дар ин замина рузҳои 11-12 январи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсӣ семинари омузишӣ бо мутахассисон ва кормандони Агентии обуҳавошиносӣ ва мутахассисони Маркази рушди рақамикунонӣ кишоварзӣ дар мавзӯи “Нишондиҳандаҳои хушксолӣ бо таваҷҷўҳ ба индекси стандартии боришот” баргузор карда шуд.

Ҳамзамон бо кормандони Агентии обуҳавошиносӣ мақсади насби стансияҳои агрометеорологӣ ва ҳамкории Вазорати кишоварзӣ бо Агентии мазкур баррасӣ карда шуд.

Loading

X