Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Иртиботи муассиса бо аҳолӣ

Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати таъмини шаффофияти фаъолияти лоиҳа ва хуб ба роҳ мондани муносибатҳо бо баҳрагирандагон (бенефитсиарҳо), механизми баррасии арзу шикоятњоро дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ба роҳ мондааст.

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати таъмини шаффофияти фаъолияти лоиҳа ва иртибот доштан бо бањрагирандагон ва ахолие, ки ба онҳо раванди татбиқи лоиҳа таъсири худро мерасонад соли ҷорӣ дар 46 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сандуқчаҳо оид ба ҷамъоварии арзу шикоят ва таклифу пешниҳодот васл гардида буданд.

Сандуқчаҳои насбгардидаро дар муҳлати 15 рӯз аз назар гузаронида, арзу шикоятҳо ва дархостҳои ба даст овардашуда аз тарафи коммисияҳои маҳаллӣ ва минтакавӣ, ки махсусан дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ташкил гардида будаанд дида баромада мешаванд, ва сипас ба ҳуҷҷатҳои воридгардида ҷавобҳои хатти аз тарафи Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ирсол карда мешаванд.

Ҳафтаи гузашта муттахасисони масоили иҷтимоии муассиса дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Умедбахш” ва ҳамоҳангсози лоиҳа дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, мониторинги аз назар гузаронии сандуқчаҳоро баргузор намуданд, ки дар натиҷа ба таклифу пешниҳод намудаи шаҳрвандон (баҳрагирандагон) аз ҷониби муассиса ҷавобҳои мушаххас ирсол карда мешавад.

Loading

X