Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Шӯрои техникии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯрои техникии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Санаи 3-юми январи соли ҷорӣ дар толорӣ вазорат ҷаласаи Шӯрои техникии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори Шӯро муовинони Вазири кишоварзӣ, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, намояндаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, роҳбарият ва кормандони масъули Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” роҳбарони зерсохторҳои вазорати кишоварзӣ иштирок намуданд. Сараввал муовини вазир Нигина Анварӣ иштирочиёни ҷаласаро хайрамақдам намуда, суханро барои пешниҳоди ҳисоботи муфассал ба муовини директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” Қурбонов Боймурод дод. Сипас Қурбонов Б. оид ба татбиқи қисматҳои лоиҳа аз корҳои иҷрогардида дар соли сипаригардида ба ҳозирин ахбороти муфассал пешниҳод намуданд. Пас аз музокираи масъала аз ҷониби ҳозирин оид ба харидории навбатии тухмиҳои хушсифат, техника мошинолотҳои кишоварзӣ, таъмир ва сохтмонҳои иншоотҳои ба нақшагирифтаи муассиса суолҳо пешниҳод карда шуд, ки ба саволҳои пешниҳодгардида аз ҷониби масъулин ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

 

Loading

X