Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Марҳилаи дуюми тақсимоти техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ

Санаи 22 уми декабри соли ҷорӣ дар ҶСП “Агротехсервис”-и шаҳри Ҳисор бо иштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Хазем Иброҳим Ҳамбал, Директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” Далер Саторӣ, Директори Тоҷикагролизинг Акрамзода Юсуф, зерсохторҳои вазорати кишоварзӣ, роҳбарони хоҷагиҳо ва дигар шахсони расмӣ ҷамъомад оид ба даври дуюми тақсимоти техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ баргузор гардид.

Қобили зикр аст, ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириҳои молиявии Бонки Ҷаҳонӣ Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” марҳилаи дуюми тақсимоти техникаҳои хурду бузург ва мошинолотҳои гуногунтамғаи кишоварзиро ба хоҷагиҳои тухмипарвар, ниҳолпарвар ва муассисаҳои зерсохтори вазорати кишоварзӣ дастрас карда шуд.

Сараввал Вазири кишоварзӣ Ҳакимзода Қурбон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки таъмини амнияти озуқавории аҳолии кишвар аз рушди соҳаи кишоварзӣ вобастагӣ калон дошта, ҷиҳати рушди соҳа аз ҷониби бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, дар доираи барномаҳои соҳавӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ маблағгузорӣ карда мешавад.

Мавриди зикр аст, ки яке аз шарикони боэтимоди кишвари мо Бонки Ҷаҳонӣ буда, барои вокуниши бармаҳали бӯҳронҳои оҳиста инкишофёбанда дар Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар доираи Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” бо маблағгузории грантӣ саҳми худро гузошта истодааст ва аз фурсати муносиб истифода намуда, минатдории худро ба Бонки Ҷаҳонӣ Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” баён менамоям ва итминони комил дорам, ки дар солҳои минбаъда низ ҳамкорӣ ва дастгирӣ ҷиҳати рушди соҳа боз ҳам густариш меёбанд.

Дар доираи татбиқи Лоиҳа манфиатбарандагон асосӣ кишоварзон, хоҷагиҳои хурду калон, корхонаҳои агробизнес ва содиркунандагон мебошанд. Онҳо бештар бо тухмиҳои хушсифат, ниҳолҳо ва дигар маводҳои кишт дастгирӣ карда мешаванд. Инчунин аз хидматҳои Марказҳои Арологистикӣ, таҳлили хок, мубориза бар зидди малах ва иттилооти агрометеорологӣ баҳра хоҳанд гирифт.

Бояд қайд намоям, ки дар доираи қисмати якуми лоиҳа ки ба рушди низоми устувори тухмипарварӣ дар мутобиқат бо меъёрҳои стандартҳои байналмилалӣ, беҳтар намудани фаъолияти мақомоти давлатии соҳаи тухмипарварӣ, мустаҳкам намудани базаи моддию техникии тухмӣ ва ниҳолпарварӣ равона гардидааст барои мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва зерсохторҳои вазорати кишоварзӣ тавҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар марҳилаи аввал ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ як қатор мошинолотҳои кишоварзӣ, аз қабили 20 адад испорҳо, 15 адад нармкунакҳо, 13 адад тухмипошакҳои пахта, 13 адад тухмипошакҳои ғалладонагиҳо, 4 адад тухмитозакунан, 15 адад картошкаканак, 15 адад картошкашинона, 2 адад заминҳамворкунак, 4 адад пахтатозакунак ва 4 адад тойбанди пахта ва инчунин мошинолотҳои кишоварзӣ барои хоҷагиҳои ниҳолпарварҳ дастрас карда шуд.

Дар марҳилаи дувуми тақсимот ба хоҷагиҳои тухмипарварҳ 20 адад трактор, 4 адад испорҳо, 7 адад ядак, МД “Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо” 9 адад трактор, МД “Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ” 14 адад трактор ва КВДҶХН “Тоҷикниҳолпарвар” 11 адад тракторҳои калон, 13 адад тракторҳои хурд ва 23 адад мошинолоту таҷҳизоти кишоварзӣ дастрас карда шуд.

Ҳамзамон ёдовар мешавам, ки дар доираи лоиҳаи Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ, барои кишти соли 2023 бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои ғалладона ва дар ин замина зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли он ҳамчун дастгирии давлатӣ ба миқдори 280 тонна тухмии гандуми гурўҳи элита ворид карда шуда, дар асоси шартномаи тарафайн барои такрористеҳсолкунӣ бо иловаи 382 тонна нуриҳои минералӣ ба 115 хоҷагиҳои тухмипарварӣ дастрас карда шуд.

Аз ҳисоби тухмии дастрасгардида ва ҳосили рўёнидашуда 4468 тонна гандуми тухмии репродуксияи якум, захира гардидааст, ки ин барои гузаронидани кишт дар майдони 20,3 ҳазор гектар басанда буда, дар оянда аз ин ҳисоб тухмиҳои сертификатсияшуда зиёд истеҳсол мегардад.

Ҳамзамон барои кишти тирамоҳии соли 2023 дар доираи лоиҳа гандуми тухмии гурӯҳи элита навъҳои “Гром” 150 тонна, “Алексеич” 200 тонна, “Тимирязевка 150” 150 тонна ва нуриҳои минералӣ 1250 тонна харидорҳ гардида, ба хоҷагиҳо дастрас карда шуд.

Ҳамчунин бояд қайд намоям, дар доираи Маблағгузории иловагии Лоиҳа анҷом додани як қатор чорабиниҳо дар назар дошта шудааст, ки ба мақсадҳои зерин равона  гардида истодааст:

1) Хариди тухмии зироатҳои кишоварзҳ барои хоҷагиҳои осебпазир;

2) Хариди техникаи кишоварзӣ барои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, ташкилотҳои тобеи Вазорати кишоварзӣ, барои хоҷагиҳои деҳқонии миёна ва калон, инчунин хоҷагиҳое, ки роҳбарашон занон мебошанд, ташкилотҳои Марказҳои хизматрасонии техникӣ дар щаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

3) Сохтмони иловагии марказҳои агрологистикӣ;

4) Рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ;

5) Гузарондани чорабиниҳои ирригационӣ, тоза кардани системахои захбурхо, ба роҳ мондани обьёрии катрагӣ барои институтхои тадкикоти илмии Академияи илмхои хочагии кишлоки Точикистон, Донишгохи аграрии Точикистон ба номи Ш.Шохтемур, инчунин зерсохторҳои тобеи Вазорати кишоварзҳ;

6) Сохтмони гармхонаҳои инноватсионии такрористеҳсоли тухмӣ, ниҳолҳо ва маводи ниҳолшинонӣ барои хоҷагиҳои тухмипарварӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур мебошад. Ин чорабиниҳо имконият медихад, ки дар давраи тирамоҳу зимистон махсулоти тару тозаи кишоварзӣ истехсол карда шавад.

Пас аз баромади пурмӯҳтавои вазири кишоварзӣ намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ Хазем Иброҳим Ҳамбал, Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар, ва дигар роҳбарони хоҷагиҳо баромадҳо намуда, миннатдории хешро барои дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ изҳор намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ба баҳрагирандагони лоиҳа аз ҷониби вазири кишоварзӣ ва дигар шахсони расмӣ калиди мошинҳо ва тракторҳо супорида шуд.

Loading

X