Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Ҷамбасти сафари омӯзиши аз Ҷумҳурии Филипин

Пеш аз интиҳои сафари корӣ санаи 14 декабри соли ҷорӣ тибқи нақшаи барнома ҳайати гурӯҳи корӣ ба Раёсати таъминоти иҷтимоӣ ва рушд ташриф оварда, бо роҳбари Раёсат хонума Ириш Флор мулоқоти корӣ анљом доданд.

Дар рафти мулоқот оид ба фаъолияти пурсамари Раёсати мазкур аз ҷониби хонума Ириш Флор тавассути рунамо (презентатсия) маърӯза пешкаши ҳозирин карда шуда, оид ба гузаронидани мониторинг ва ба нақша гирифтани чорабинињо вобаста ба басту банди маҳсулотҳои ғизоӣ аз қабили биринљ ва мањсулоти консервакунонидашуда коркарди мањсулот ва таъмини ањолии осебпазир ки њангоми офатњои табиӣ аз љумла гирдбод оббхезї ва дигар офатњо зарар мебинанд маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Дар рафти сӯњбат роњбари Раёсат иброз дошт, ки ќариб њамасола ба зиёда аз 1,2 млн хонаводањои осебпазир аз 10 то 13 намуди мањсулот аз ќабили биринљ ва дигар маводи ѓизоӣ, ки дар назди корхонаи дастрас ва басту банд карда мешавад, пешкаши ниёзмандон гардонида мешавад.

Дар корхона дар баробари коргарони доимӣ волонтёронро низ ба кор љалб намуда, онҳоро пайваста дастгирӣ менамоянд.

Њамчунин дар давоми рӯз њайати гурўњи корї ба Вазорати маорифи Филипин ташриф оварда бо муовини вазир мулоќот анљом доданд. Дар рафти мулоќот оид ба дастгирии вазорати маориф љињати кӯмак расонидан бо мањсулоти ѓанигардонидашуда маълумот дод. Ҳамчунин иброз дошт, ки ба хонандањои то синфи 6 кўмак расонида мешавад. Дар рафти сӯњбат вобаста ба масъалаи мазкур фикру андешаронӣ карда шуда, маълумот гирифта шуд.

Сипас њайати гурўњи корї ба дафтари кории Барномаи озуќаворї љањонї (БОҶ) ташриф оварда вобаста ба натиљаи сафари корї фикру андешањои худро иброз намуданд. Дар рафти суњбат аз љониби Роњбари БОЉ ќайд гардид ки ташкилоти мазкур омодааст таљрибаи худро барои љорї намудани дар Љумњурии Тољикистон кӯмак намояд. Дар охири мулоќот ба њайати гурўњи корї аз љониби роњбари БОЉ Сертификат таќдим карда шуда, ба сафари омўзиши хотима бахшида шуд.

Семинари мазкур баҳри амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда”, муайян намудани фонди гардиши премикс ва омӯхтани таҷрибаи давлати Филипин дар самти ғанигардонии маҳсулоти хурокворӣ таъсис дода шуда буд. Гурӯҳи корӣ муваззаф гардидаанд, ки таҷрибаи омӯхтаи худро баҳри амалӣ намудани сиёсати давлат дар самти ѓанигардонии маҳулоти хурокворӣ, пешгирӣ намудани бемориҳои вобаста ба норасоии микронутриентҳо ва тақвият бахшидан ба раванди ғанигардонии орди гандумӣ роҳандозӣ намояд.

Аз ҷониби намояндагони Муссисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” изҳор карда шуд, ки аз натиҷаи таҷрибаи дар рафти сафар омӯхтаи намояндагони вазорату идораҳо баъди бозгашт, вохӯрии корӣ баргузор намуда, татбиқи онро дар ҷумҳурӣ амалӣ намоянд.

Loading

X