Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email
Шиносои бо хоҷагиҳои шолипарвар

Санаи 13 декабри соли ҷорӣ ҳайати гурӯҳи корӣ ҷиҳати шиносоӣ аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии шолипарвар ва боздид аз корхонаи коркард ва ғанигардонии маҳсулоти хурокворӣ ба вилояти Пангасинан софари корӣ анҷом доданд.

Дар рафти сафар ҳайати кориро роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ бо самимияти хосса истиқбол намуда, оид ба шароити обу иқлим, агротехникаи парвариши зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки заминҳо, истеҳсоли навъҳои ба шароити маҳал мутобиқ, коркарди маҳсулот ва харидори аз ҷониби кооперативҳои тиҷоратӣ суҳбати ошкоро намуда, доир ба офатҳои табии, ки ҳамасола то 25 маротиба дар Ҷумҳурии Филипин рух медиҳанд нигаронии зиёд намуданд.

Роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ иброз доштанд, ки аз ҳар гектар замин соле ду маротиба ҳосили хуб ба даст оварда, ба кооперативҳои коркарди шолӣ мефурушанд. Дар рафти мулоқот тарафҳо оид ба навъҳои шолӣ ва тарзу усули парвариши он мубодилаи афкор намуданд. Роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳузури меҳмонон хушҳол гардида, барои тавсияҳои судманди онҳо ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ (махсусан шолӣ) изҳори сипос карданд.

Баъдан дар нимаи дуюми рӯз ҳайати корӣ аз корхонаи коркард ва ғанигардонии маҳсулоти хурокворӣ дидан намуда, барои фаъолияти пурсамари он баҳои баланд доданд.

Ҳамчунин роҳбари корхона роҷеъ ба фаъолияти корхона маърузаи муфассалро пешкаши меҳмонон намуд. Корхонаи мазкур бо таҷҳизотҳои наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои истеҳсоли маҳсулоти босифат ва ғанигардонидашуда фаъолияти пурсамарро ба роҳ мондааст. Маҳсулоти истеҳсолменамудаи корхона бештар ба содирот нигаронида шуда, танҳо 10% -и он дар дохили кишвар фурӯхта мешавад. Корхона аслан ба истеҳсоли маҳсулоти гуногуни ғизои тару тозаи табиӣ бо истифодаи микронутриентҳо барои кўдакон, занҳои ҳомила ва бемор (анемия) сару кор дошта, ашёи хомро аз хоҷагиҳои гирду атрофи ноҳия дастрас мекунад.

Loading

X