Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Тухмии хушсифат омили серҳосилӣ

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” якқатор тухмиҳои хушсифати дорои сетификатро аз хориҷ ба кишвар ворид намуда, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи тухмипарварӣ ба хоҷагиҳои тухмипарвар ва ниёзманд тақсимот намуд.

Тухмиҳои воридгардидаи зироатҳои кишоварзӣ гурӯҳи элита буда, ба шароити иқлими Тоҷикистон мутобиқ аст.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2023 Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзи” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ба миқдорӣ 1180 тонна тухмии зироатҳои кишоварзӣ аз қабилӣ тухмии пахта 150 тонна, картошка 530 тонна ва гандум 500 тоннаро ба ҷумҳурӣ ворид намуда, ба хоҷагиҳои тухмипарвар тақсимот карда шуд.

Ҳамчунин аз ҳисоби маблағҳои иловагии муассиса 8 номгўи тухмии зироатҳои кишоварзии гурӯҳи элита ва репродуксияи якумро аз қабили гандум 550 тонна, картошка 1050 тонна, ҷуворимакка 100 тонна, зағери равғандиҳанда 58 тонна, пиёз 8,4 тонна, памидор 0,012 тонна, бодиринг 0,9 тонна ва нахӯд 96,8 тонна инчунин дар қатори тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ нуриҳои минералӣ низ ба миқдорӣ 5270 тонна аз он 2108 тонна нитроген 2108 тонна фосфор ва 1054 тонна нуриҳои калийгӣ харидорӣ намуда, ба хоҷагиҳои ниёзманд тақсим карда шуд.

Айни ҳол тибқи нақша танҳо тақсимоти тухмии картошка, нахӯд ва зағери равғандиҳанда дар рўзҳои наздик ба анҷом мерасанд.

Loading

X