Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Таҳияи “Нақшаи омодагии кишвар ба бӯҳрони амнияти озуқаворӣ”

Рӯзҳои 24-25 ноябри соли ҷорӣ дар толори осоишгоҳи Green Woob House ҷаласаи дуюми гурӯҳи кории техникӣ чиҳати тайёр намудани “Нақшаи омодагии кишвар ба бӯҳрони амнияти озуқаворӣ” баргузор карда шуд.

Дар гурӯҳи кории техникӣ намояндагони якқатор вазорату мақомотҳои дахлдор сафарбар гардида, бо дарназардошти мушкилоти глобалӣ, масъалаҳои муҳими экологӣ ва омилҳои гуногуни ҷаҳони имрўза нақшаи ягона дар ҷумҳурӣ таҳия карда мешавад.

Нақшаи мазкур фарогири ҳалли мушкилоти соҳаҳои муҳим буда, он барои бартараф намудани хавфҳои бӯҳронӣ дар солҳои оянда пайваста хизмат мекунад.

Пас аз эътирофи нақшаи омодагии кишвар ба бӯҳрони амнияти озуқаворӣ амалҳои саривақтии муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои башардӯстонаву шарикони рушдро барои пешгирӣ ва сабук кардани бӯҳрон пешниҳод мекунад.

Loading

X