Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Табрикоти Директори МД“Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо камоли шодмониву сарфарозӣ ҳамаи Шумо ҳамкорони гиромиқадро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику муборакбод мегӯям.

Парчами давлатии Тоҷикистон дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз муқаддасот ва рамзҳои асосӣ, нишонаи соҳибихтиёрии давлат, рамзи Истиқлоли давлатӣ, дӯстиву бародарии мардуми азизи Тоҷикистон ба шумор рафта, беҳтарин василаи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии миллати шарафманди Тоҷик ба ҳисоб меравад.

Парчами миллии мо таърихи ғанию рангини чандинҳазорсола дошта, Тоҷикон ба ҳайси ворисони сарбаланди ориёини бузург дар воқеъ яке аз парчамбардорони аввалини сайёра мебошанд.

Парчами миллӣ — ливоест парафшон дар самои софу беғубор, муқаддасотест мояи ифтихори мо ва нишонест зебою беназир, ки бо ҷолибият ва ҷаззобият дар ҷаҳон маъруф гаштааст.

Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парафшонӣ намуда, ҳамчун нишон аз Истиқлоли давлатӣ халқи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карда, дар бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону ташкилот ва муассисаҳои бонуфузи ҷаҳонию минтақавӣ дар радифи парчамҳои дигар давлатҳои олам аз Тоҷикистони соҳибистиқлол хабар мерасонад.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо кулли мардуми кишварро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, бароятон бахту иқболи баланд, сарбаландию сарфарозӣ ва дар фаъолияти минбаъдаатон комёбиҳои беш аз пешро орзумандам.

Loading

X