Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Мулоқоти Миссияи Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷиҳати натиҷагирӣ аз рафти татбиқи лоиҳа

Санаи 22 — уми ноябри соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҳайати Миссияи Бонки ҷаҳонӣ бо кормандони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” мулоқоти корӣ анҷом доданд.

Дар мулоқот дастовардҳо ва рафти корҳои иҷрогардидаи мутахассисони муассиса дар доираи лоиҳа мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. Пас аз мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтани татбиқи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” аз ҷониби ҳайати Миссияи Бонки ҷаҳонӣ баҳри самаранок ва саривақти татбиқ гардидани фаъолиятҳои лоиҳа ба роҳбарият, мутахассисони муассиса ва шарикони корӣ изҳори сипос баён намуданд.

Ҳамзамон, нақшаи кории мушаххас то ба давраи миссияи навбатии Бонки ҷаҳонӣ таҳия гардида, ҷиҳати амалӣ намудани он вазифа ва супоришҳои мушаххас муқарар карда шуд.

 

Loading

X