Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Мулоқоти Миссияи Бонки Умумиҷаҳонӣ аз рафти корҳои тадқиқотию лоиҳакашии марказҳои агролагистикӣ

Санаи 17 — уми ноябри соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҳайати Миссияи Бонки ҷаҳонӣ дар якҷоягӣ бо мутасадиёни Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” бо намояндагони ширкати байналмиллаии машваратии “Софреко”-и Фаронса ва ширкати машваратии маҳаллии “Барс Консалтинг” мулоқоти корӣ анҷом доданд.

Дар рафти муҳокама иҷроиши корҳои тадқиқотию лоиҳакашии марказҳои агрологистикӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, маводҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. Инчунин дар рафти музокира бахши экологию иҷтимоӣ ва бозоромӯзӣ мавриди баррасӣ ва мубодила қарор гирифт.

Loading

X