Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Семинари илмӣ – амалӣ — минтақавӣ дар ҶДММ “Латиф Муродов”

Санаи 17-уми ноябри соли ҷорӣ бо ибтикорӣ Вазорати кишоварзии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Ҳисор семинари илмӣ – амалии минтақавӣ дар мавзӯи “Технологияи кишт бо техникаи лезерӣ барои гузаронидани кишти зироатҳои ғалладонагӣ дар заминҳои обӣ” дар ҶДММ “Латиф Муродов-и шаҳри Ҳисор баргузор гардид.

Дар семинари мазкур олимону мутахассисон аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ва муовинони раисони ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ иштирок намуда, рафти кори мошинолотҳои кишоварзӣ пешкаши хоҷагидорон ва иштирокчиёни семинар гардонида шуд

Семинари мазкурро Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода оғоз намуда, роҷеъ ба кори техника мошинолотҳои кишоварзӣ, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ба хоҷагидорон тақсим карда дода шудааст, дар ҶДММ “Латиф Муродов-и шаҳри Ҳисор истифода аз онҳо кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо гузаронида шуда, тарзи корбарӣ ва омодасозии техникаи лазерӣ ва тухмипошаки ғалладонагӣ ба иштирокчиён намоиш дода шуд.

Loading

X