Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Тантанаи ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”

Санаи 16 -уми ноябри соли ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Сараввал ҷаласаи тантанавӣ бо суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, директори муассиса муҳтарам Далер Саторӣ ҳозиринро ба ифтихори ин ҷашни бузург сидқан табрик намуданд.

Сипас аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, чунин суханонро иброз доштанд: Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқату вафодорӣ ба Ватани маҳбуб, миллати шарафманди тоҷик ва Сарвари давлат ба ҳисоб рафта, омили муҳими иттиҳод, сарҷамъӣ ва ягонагии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.

Фаъолияти васеи давлатдории сарвари давлат аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфтааст, ки дар он пояҳои асосии давлатдории миллӣ барқарор гаштааст. Муҳимтарин дастоварди ин Иҷлосияи таърихӣ интихоби роҳбари давлат ҳамчун фарзанди банангу номуси миллат, шахси далеру шуҷоъ, покзамиру нексиришт ва дорои ҳувияти баланди миллӣ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун роҳбари бохираду дурандеш, ба неруи азим ва хиради азалии халқ такя карда, кишварамонро бо роҳи тараққиёти демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пеш бурданд ва дар иҷрои ин вазифаи пуршараф муваффақ гардиданд.

Таҳти роҳбарии бевосита ва ғамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллат, тамоми соҳаҳои кишовар ба дастовардҳои назаррас ноил гашта, мардуми кишвари азизамон дар фазои сулҳу субот ва якдигарфаҳмӣ умр ба сар мебаранд.

Мардуми шарифи тоҷик аз фаъолияти ҳаррӯзаи сарвари давлат огоҳ буда, хуб дарк мекунанд, ки тамоми ҳастии ҳаёту фаъолияти хешро ба рушду нумуи кишвари азизамон, таъмини зиндагии шоистаи мардум бахшида шудааст.Маҳз барои ҳамин ҳам Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди умумихалқии тоҷикон табдил ёфта, дар ҳар як хонадони тоҷикистонӣ онро бо хушҳолӣ истиқбол мегиранд.

Боварии комил дорем, ки Тоҷикистони азиз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии худ, нақшаҳои омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои азим, тараққиёти устувор ва зиндагии шоистаи мардум муваффақ мегардад. Пас аз баромади роҳбари муассиса қисме аз кормандон ба сухан баромада, оид ба фаъолият ва корнамоиҳои роҳбари бохираду дурандеш, шахси далеру шуҷоъ, инсони покзамиру нексиришт баромадҳои пурмӯҳтаво намуданд.

Дар рафти ҷаласа филми мустанаде, ки инъикосгари заҳматҳои тулонии сарвари давлат ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ буд пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа роҳбарият бори дигар ҳамаи кормандон ва дар симои онҳо кулли мардуми Шарифи азизамонро бо ин рузи фархунда сидқан табрик намуда, барояшон сиҳатмандии комил, саодатмандиву сарфарозӣ, пирӯзиҳои нав ба нав дар фаъолияти имрӯзаашон баҳри гул-гулшукуфии Ватани маҳбубамон таманно намуданд.

Loading

X