Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Табрикоти директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”

Бо камоли шодмониву сарфарозӣ ҳамаи Шумо ҳамкорони гиромиқадро ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям.

Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқату вафодорӣ ба Ватани маҳбуб, миллати шарафманди тоҷик ва Сарвари давлат ба ҳисоб рафта, омили муҳими иттиҳод, сарҷамъӣ ва ягонагии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.

Фаъолияти васеи давлатдории сарвари давлат аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфтааст, ки дар он пояҳои асосии давлатдории миллӣ барқарор гаштааст. Муҳимтарин дастоварди ин Иҷлосияи таърихӣ интихоби роҳбари давлат ҳамчун фарзанди банангу номуси миллат, шахси далеру шуҷоъ, покзамиру нексиришт ва дорои ҳувияти баланди миллӣ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун роҳбари бохираду дурандеш, ба неруи азим ва хиради азалии халқ такя карда, кишварамонро бо роҳи тараққиёти демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пеш бурданд ва дар иҷрои ин вазифаи пуршараф муваффақ гардиданд.

Таҳти роҳбарии бевосита ва ғамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллат, тамоми соҳаҳои кишовар ба дастовардҳои назаррас ноил гашта, мардуми кишвари азизамон дар фазои сулҳу субот ва якдигар фаҳмӣ умр ба сар мебаранд.

Мардуми шарифи тоҷик аз фаъолияти ҳаррӯзаи сарвари давлат огоҳ буда, хуб дарк мекунанд, ки тамоми ҳастии ҳаёту фаъолияти хешро ба рушду нумуи кишвари азизамон, таъмини зиндагии шоистаи мардум бахшида шудааст.

Маҳз барои ҳамин ҳам Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди умумихалқии тоҷикон табдил ёфта, дар ҳар як хонадони тоҷикистонӣ онро бо хушҳолӣ истиқбол мегиранд.

Боварии комил дорем, ки Тоҷикистони азиз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии худ, нақшаҳои омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои азим, тараққиёти устувор ва зиндагии шоистаи мардум муваффақ мегардад.

Бори дигар ҳамаи Шумо кормандони гиромиқар ва дар симои Шумо кулли мардуми Шарифи азизамонро бо ин рузи фархунда сидқан табрик намуда, бароятон сиҳатмандии комил, саодатмандиву сарфарозӣ, пирӯзиҳои нав ба нави фаъолияти имрӯзаатон баҳри гул-гулшукуфии Ватани маҳбубамон таманно менамоям.

Loading

X