Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj

Таъмини Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ бо таҷҳизотҳои муосиру замонавӣ

Санаи 01 ноябри соли ҷорӣ бо мақсади баланд бардоштани иқтидори техникии Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ ва филиалҳои он барои мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасону касалиҳои гуногуни замбуруғии зироату боғу токзор Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи Лоиҳа “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” як қатор таҷҳизотҳои гуногуни дорупошӣ, либосҳои муҳофизавӣ ва заҳрхимикатҳо дастрас намуда, ба муассисаи мазкур пешниҳод намуд.

Дар рафти супоридан ва қабули таҷҳизотҳо намояндагон аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти МД “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, МД «Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ» ва дигар шахсони расмӣ иштироку суханронӣ намуданд.

Loading

X