Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Тақсимоти тухмиҳо ва нуриҳои минералӣ бо маром идома доранд.

Санаи 30 октябри соли ҷорӣ мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” тухмиҳои хушсифат ва нуриҳои минералиро барои таъмини амнияти озуқаворӣ ба хоҷагиҳои тухмипарвар ва ниёзманд тақсимот намуда истодаанд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи мазкур соли ҷорӣ ба миқдори 500 тонна тухмии гандуми гурӯҳи элитаро бо нуриҳои минералӣ (456,6 тонна Карбамид, 454,6 тонна Селитраи аммоний ва 341 тонна Суперфосфат), барои рушди соҳаи тухмипарварӣ ба кишоварзон дастрас намуда истодаанд.

Инчунин 550 тонна тухмии гандуми хушсифати гурӯҳи репродуксияи 1-умро бо нуриҳои минералӣ (200 тонна Карбамид, 300 тонна Селитраи аммоний, 500 тонна Суперфосфат ва 250 тонна Хлориди калий) барои таъмини амнияти озуқаворӣ ба хоҷагиҳои ниёзманд пешниҳод намуда истодаанд.

Дар рафти чорабинӣ мутахассисони самти муҳити зист ва иҷтимоиёт кормандоне, ки бо тухмии зироатҳо ва нуриҳои минералӣ сару кор доранд, оид ба иҷрои талаботи стандартҳои экологӣ ва иҷтимоии Бонки ҷаҳонӣ, риояи корҳои бехатарӣ ҳангоми бо маводҳои кимиёвӣ тавсияҳои илман асоснокро пешниҳод намуданд.

Loading

X