Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Тухмии хушсифат кафолати серҳосилӣ

Чун соли гузашта имсол низ Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати рушди соҳаи тухмипарварӣ ба хоҷагиҳои тухмипарварии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ шурӯъ аз моҳи сентябри соли ҷорӣ тақсимоти нуриҳои менералӣ (Карбамид, Селитраи аммоний, Суперфосфат) ва тухмии 3 навъи гандумҳои хушсифати гурӯҳи элитаро (Темирязевка-150, Алексеич ва Гром) оғоз намуда буд.

Кишоварзон аз дастгириҳои пайвастаи Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ҳавасманд гардида, кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладонагиҳоро саривақт оғоз намуданд. Айни ҳол дар қисме аз минтақаҳои ҷумҳурӣ тухмии гандум пурра аз замин баромада, нашъунамои хуб доранд. Дар дигар манотиқи кишвар бошад кишти тирамоҳии гандум бо маром идома дошта, кӯшиш доранд, ки аз боду ҳавои мусоиди тирамоҳ самаранок истифода намуда, дар рӯзҳои наздик онро ба анҷом расонанд.

Гандуми хушсифати гурӯҳи элита дорои сертификат буда, ба шароити обу иқлими Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Loading

X