Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Кишоварзон аз тухмиҳои дастрасгардидаи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” қаноатманданд.

Соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» ба хоҷагиҳои тухмипарварии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд се навъи чигити хушсифати тухмии гурӯҳи элитаи Лодос, Перла-С ва Аря-ро бо иловаи нуриҳои минералӣ таъмин намуд.

Кишоварзон аз ин дастгирии Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” рўҳбаланд гардида, соли ҷорӣ кишти пахтаро дар майдони 1080 гектар (Лодос 876 га, Перла-С 72 га, ва Аря- 132 га) ба роҳ монданд.

Навъҳои дастрасгардида мувофиқи риояи агротехникаи парвариш хуб ба роҳ монда шуда, серҳосил ва ба шароити иқлиму тағйирёбии он мутобиқ аст. Ин навъҳо нисбат ба навъҳои маҳаллӣ бартариҳои зиёд дошта ҳосилнокии он аз 21 то 35 с/га-ро ташкил медиҳад.

Имрӯзҳо кишоварзон чиниши якуми пахтаро ба анҷом расонида, аз маълумотҳои оморӣ маълум мешавад, ки ҳосилнокии мувофиқи навъҳо: Лодос-21 то 35 с/га, Перла-С аз 21 то 28 с/га ва Аря аз 20 то 26 с/га ташкил дода истодааст.

Ҳоло чиниши пахта идома дошта, кишоварзон азм доранд, ки аз ҳавои мусоиди фасли тирамоҳ самаранок истифода бурда, ҳосилро бе талаф ҷамъоварӣ намоянд.

Loading

X