Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Иҷрои корҳои нақшавӣ дар доираи компонети 3-юми лоиҳа

Мутахассисони МД “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи компонети 3-юми лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”  санаи 16-октябри соли ҷорӣ ҳолати рафти таъмири муассисаҳои зерсохторҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла; Маркази такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ ва МД “Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ”-ро  дидан намуданд.

Мутахассисони муассиса бо роҳбарияти ширкатҳои сохтмоние, ки ба таъмиру тармими биноҳои муассисаҳои зикршуда машғуланд оид ба сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонии иншоотҳо вохуриву суҳбатҳо доир намудаанд. Ҳамзамон ҳолати омодагии мошинолотҳои коркарди зидди ҳашаротҳои зараррасони зироатҳои кишоварзиро, ки бо ташабуси МД “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” харидорӣ гардидаанд, барои тақсимот ба муассисаҳои зерсохторҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан ба соҳаи муҳофизати растаниҳо омода намуданд.

Loading

X