Хабарҳо 13.10.2023 Мониторинги рафти корҳои таъмирӣ дар иншоотҳои лоиҳаМуҳандисону мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” аз рафти иҷрои корҳои таъмирӣ дар биноҳои муассисаҳои таълимию илмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ки аз ҷониби МД “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” таъмир мегарданд, дидан намуданд.Дар рафти аз назаргузаронӣ муҳандисону мутахассисон бо коргароне, ки ба корҳои таъмирию тармим ҷалб гардидаанд, оид ба ҳолатҳои бехатарӣ, риояи меъёрҳои талаботи сохтумонии лоиҳаҳо, иҷрои талаботҳои стандартҳои экологӣ ва иҷтимоии Бонки ҷаҳонӣ, инчунин бо сифати баланду саривақт ба анҷом расонидани корҳои ба нақшагирифташуда тавсияҳои судманд доданд.