Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj

ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

Рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аҳолиро бо озуқа, саноатро бо ашёи хом ва беҳдошти вазъи иқтисодии аҳолиро таъмин менамояд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати беҳтар намудани заминаи моддию техникии хоҷагиҳои тухмипарварии ҷумҳурӣ як қатор мошинолотҳои кишоварзӣ, аз қабили 20 адад испорҳо, 15 адад нармкунакҳо, 13 адад тухмипошаки пахта, 13 адад тухмипошаки зироати ғалладонагӣ, 4 адад тухмитозакунак, 15 адад картошкаканак, 15 адад картошкашинонак, 2 адад заминҳамворкунак, 4 адад пахтатозакунак ва 4 адад тойбанди пахта харидори гардида, санаи 10-уми октябри соли ҷорӣ ба хоҷагидорон супорида шуд.

Дар маросими супоридани мошинолотҳои кишоварзӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, директори идораи Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимлӣ, роҳбари гурӯҳи кории лоиҳа аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ Ҳазем Иброҳим Ҳамбал, муовини директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” Қурбонов Боймурод ва намояндагони дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон оид ба дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳа ва таъминоти моддиву техникии хоҷагиҳо ҳарф зада, бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат оид ба истифодаи самараноки обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, бо истифода аз технологияи муосир рӯёнидани ду се ҳосил ва таъмини дигар хоҷагиҳо бо тухмиҳои хушсифат маслиҳатҳои муфид доданд.

Директори идораи Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимлӣ оид ба ҳамкориҳои судманд ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии мамлакат изҳори миннатдорӣ намуда, ҷиҳати дастгириҳои минбаъдаи соҳа ибрози андеша намуд.

Мавриди зикр аст, ки мошинолотҳои кишоварзӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” харидорӣ карда шуда, ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ дар шакли 70% грантӣ ва 30% маблағи пардохтӣ тариқи лизингӣ бефоиз дар давоми се сол аз ҳисоби даромади хоҷагиҳо мебошад.

Зимни супоридани мошинолотҳои кишоварзӣ таъкид гардид, ки дар марҳилаи оянда ба хоҷагиҳои мазкур техникаҳои кишоварзӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани базаи моддиву техникияшон супорида мешавад.

Хоҷагидорон низ аз дастгириҳои пайваста, изҳори миннатдории хешро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” баён намуда, дар ҷавоби ин дастгириву ғамхориҳои пайваста ҷиҳати саҳм гузоштан ба рушди соҳа ва таъмини амнияти озуқаворӣ ибрози андеша намуданд.

Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”дар соли 2022 барои баланд бардоштани ҳосилнокии дар соли 2023 ба миқдори 280 тонна тухмии гандуми гурӯҳи элита навъҳои “Гром” 100 тонна, “Алексеич” 120 тонна ва “Безостая 100” 60 тонна бо иловаи 381,8 тонна нуриҳои минералӣ, 150 тонна чигити тухмии гурӯҳи элита навъҳои “Лодос” 105 тонна, “Перла С” 30 тонна, “Аря” 15 тонна, 530 тонна картошкаи тухмии гурӯҳи элита навъҳои “Гала” 400 тонна, “Кроне” 130 тонна бо иловаи 3507,4 тонна нуриҳои минералӣ харидорӣ намуда, дар асоси шартномаи тарафайн ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ барои такрористеҳсолкунӣ дастрас карда шуда буд, ки дар натиҷа ҳосили хуб ба даст оварда шудаст.

Бояд тазаккур дод, ки барои кишти соли 2024 гандуми тухмии гурӯҳи элита навъҳои “Гром” 150 тонна, “Алексеич” 200 тонна, “Тимирязевка 150” 150 тонна бо иловаи 1250 тонна нуриҳои минералӣ дар доираи лоиҳа харидорӣ гардида,  ба баҳрагирандагон дастрас гардида истодааст.

Loading

X