Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Баланд бардоштани ҳосилхезии хок

Бо мақсади дастгирии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар якҷоягӣ бо намояндаи Ташкилоти озӯқаворӣ ва кишоварзии Созмони миллали мутаҳид (ФАО) санаи 6 октябри соли ҷорӣ сафари хизматӣ ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ба анҷом расониданд.

Дар рафти сафар шиносоӣ бо ҳолати воқеии озмоишгоҳи таҳлили хок ва вохурӣ бо мутахассисону кормандони Стансияи таҷрибавии хокшиносӣ- мелиоративии Вахши Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ баргузор карда шуд.

Барои амалӣ намудани ҳадафҳои Лоиҳа ҷиҳати беҳтар кардани идоракунии ҳосилхезии хок ва кишоварзии дақиқ дастгирии стансияи мазкур пешбинӣ гардида, татбиқи Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” барои рушди соҳаи хокшиносӣ ва агрохимия саҳмгузор хоҳад шуд.

Loading

X