Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email
Рафти иҷроиши корҳои ҳаррӯза

Санаи 13 — сентябри соли ҷорӣ мутахассисони МД “ Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” бо мушовири байналмилалӣ, доктори илмҳои биологӣ Елена Шамрикова, ки дар доираи лоиҳа ба кор ҷалб шудааст дар толори Ташкилоти озӯқаворӣ ва кишоварзии Созмони миллалӣ мутаҳид (ФАО) СММ мулоқоти корӣ  анҷом доданд.

Дар рафти мулоқот мутахассисон роҷеъ ба масоили харидорӣ намудани таҷҳизотҳои озмоишгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ дар асоси зеркомпонети 3.2 Идоракунии ҳосилхезии хок таваҷҷӯҳи хосса зоир намуда, хостанд аз ҳолати озмоишгоҳи муассиса  дидан намоянд.

Ҳамчунин ҳайат рӯзи 14.09.2023 аз ҳолати кунунии озмоишгоҳи марказонидашудаи Институт дидан карда, пешниҳод намуданд, ки озмоишгоҳи муассисаи илмӣ таъмирталаб буда, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест.

Дар доираи лоиҳа дар баробари муҷаҳазонидани озмоишгоҳҳо инчунин таъмири озмоишгоҳҳо низ ба роҳ монда шавад.

Loading

X