Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Табрикоти роҳбари Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ»

Бо камоли эҳтиром ва садоқатмандии бепоён иҷозат фармоед Шумо ҳамкорони гиромиқадр ва ҳамватанони азизро ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намоям.

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар даврони соҳибистиқлолӣ имконият пайдо намудем, ки мардуми кишварамонро ба таври шоиста ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Тули ин солҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавонист ҷойгоҳи худро қавӣ созад ва беш аз 190 кишвар мустақилияти Тоҷикистонро бипазирад.

Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат ҷашни муқаддас буда, ҳифз ва устувории пояҳои он вазифаи нахустини ҳар як шахси баору номуси кишвар мебошад.

Мо ба ояндаи дурахшони Ватани худ – Тоҷикистони азиз боварӣ дорем ва тамоми талошу кӯшишҳоямонро ба харҷ медиҳем, ки Истиқлол ба мисли як дарахти пурбор ва ҳамешасабз то абад ҷовидону пойдор боқӣ бимонад.

Бори дигар бузургдошти солгарди соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатӣ, бахту саодат ва дар фаъолияти ҳамарӯзаатон барору комёбиҳои беназир орзумандам.

Бо камоли эҳтиром,

Директори муассиса  Саторӣ Д.А.

Loading

X