Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Санаи 12-уми июли соли 2023 дар толори Китобхонаи миллӣ мизи мудаввар оид ба “Пешбурди ғанигардонии орди гандум ва ташкил намудани  Фонди миллии гардиши премиксҳо” дар доираи тадбири мазкур муаррифии зеркомпоненти 3.4-и Лоиҳаи “Баланд бардоштани  устувории  кишоварзӣ”  оид ба “Беҳтар намудани ғизо” бо иштироки шарикони рушди Лоиҳа  ва мутахассисони ғизо сурат гирифт.

Директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” муҳтарам Далер Саторӣ дар сухани ифтитоҳии худ таъкид намуданд, ки мизи мудаввари мазкур дар доираи маблағгузории иловагии Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” баргузор гардида, масъалаи ташкили Фонди миллии гардиши премиксҳоро (маҷмӯи витаминҳо ва минералҳо, ки барои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мешавад;) дар бар мегирад.

Сипас, тибқи барномаи чорабинӣ дар атрофи фаъолияти минбаъдаи Фонди миллии гардиши премиксҳо ва ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ иштирокчиёни мизи мудаввар  аз вазорату идораҳои соҳавӣ ибрози ақида намуданд.

Дар Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 аз ҷумла стратегияҳои бахши тандурустӣ, амнияти озуқаворӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, ғизои мактабӣ, Қонун «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хўроквории ғанигардонидашуда», Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рўзи аввали ҳаёти кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 ва як қатор барномаҳое, ки ҳадафҳо ва фаъолияташон ба ғизо алоқаманд аст, ба мақсади  беҳтар кардани вазъияти ғизои модару кўдак дар Тоҷикистон ифода ёфтааст.

Мизи мудаввар бо баррасии мушкилоти таъминоти орди ғанигардонидашуда ва намаки йоднокарда шуда басо муфид сурат гирифта, тасмим гирифта шуд, ки минбаъд мунтазам ҷаласаи гуруҳи корӣ оид ба масъалаи ғизои солим баргузор гардад.

Loading

X