Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” семинари натиҷабардорӣ аз фаъолияти нимсолаи якуми соли 2023 бо иштироки мутахассисон ва ҳамоҳангсозони муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”  санаи 6-7-уми июли соли 2023  баргузор гардид.

Нахуст, Директори муассиса муҳтарам Далер Саторӣ оид ба мақсаду мароми семинари ҷамъбасти нимсолаи якум ҳарф зада, суханро ба муовини директор Боймурод Қурбонов доданд. Сипас, тибқи барномаи семинар ҳамоҳангсозони Лоиҳа, мутахассисони шуъбаи харид,  менеҷери оид ба идораи молия, сармуҳосиб,  ҳамоҳангсозони лоиҳа дар вилояти Суғд, ва дар вилояти Хатлон , мутахассиси масоили иҷтимоӣ, мутахасиси мониторинг ва баҳогузорӣ  бо маърузаҳои ҳисоботӣ баромад намуданд.

Зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 ҳамчунин татбиқи маблағгузории иловагии Лоиҳа оғоз ёфта, нишондиҳандаҳои иҷрошуда арзёбӣ гардид.

Дар ҷамъбасти семинар Директори муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”  муҳтарам Далер Саторӣ оид ба тадбирҳои Лоиҳа дар нимсолаи дуюм вазифагузорӣ намуда, таъкид доштанд, ки баҳри иҷрои яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Таъмини амнияти озуқавории аҳолии кишвар” кормандони муассиса бояд мунтазам саъю кӯшиш намоянд.

 

Loading

X