Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Машварат ба хоҷагидорон

Дар доираи компоненти якуми Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” такмил додани шабакаи тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ ва маводҳои истеҳсолӣ (тухмӣ, техника, нуриҳои минералӣ ва ғайра) пешбинӣ шудааст.

Бо мақсади таъмини дастрасии кофии тухмиҳои хушсифат, ниҳолҳо ва маводи истеҳсолии бозоргир, ба шароити маҳал мутобиқшуда, ба тағйирёбии иқлим устувор ва барои деҳқонон дастрас ҳангоми тақсими тухмиҳо машварати муфид ба намояндагони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҷониби мутахассисони муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дода мешавад.

Тухмиҳои аълосифати гандум, картошка ва пунбадона бо иловаи нуриҳои минералӣ дастраси хоҷагиҳои ҷумҳурӣ гардид, ки минбаъд аз он ҳосили фаровон ба даст меоранд.

Loading

X