Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Агентии татбиқкунандаи Лоиҳаи

“Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ

Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳти №4) аз 16-уми январи соли 2015 таъсис дода шудааст.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба маблағгузории Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21-уми июни соли 2021 тасдиқ шудааст.

Ҳамчунин байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба маблағгузории иловагии Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” Созишнома санаи 18-уми январи соли 2023 баста шудааст.

Мақсади Лоиҳа

Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ба дастгирии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти гузариши бомуваффақият ба модели фарогири рушди устувори кишоварзӣ, ки нисбатан самарабахш ва тобовар ба тағйирёбии иқлим мебошад, мусоидат мекунад.

Самтҳои асосии Лоиҳа:

  1. Дастрасии бештар ба тухмиҳо, ниҳолҳо ва маводҳои истеҳсолӣ (техника, нуриҳои минералӣ ва ғайра), ки ба тағйирёбии иқлиму хушксолӣ тобовар ва нархи дастрас дошта, ба шароити гуногуни агрологистикии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ карда шудааст;
  2. Таъмини дастрасии хоҷагидорон ва корхонаҳои агробизнес оид ба хизматрасонии агрологистикӣ;
  3. Такмили идоракунии иқтидори зидди бӯҳронӣ, аз ҷумла огоҳии пешакӣ ва тайёрии муассисаҳои алоҳидаи Давлатӣ барои вокуниши ҳолатҳои бӯҳронӣ. Лоиҳа рушди инфрасохтор ва такмили лаёқати мутахассисони ғизои муассисаҳои фарогири татбиқи лоиҳаро дастгирӣ менамояд.
  4. Идоракунии Лоиҳа, ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва баҳогузорӣ, баррасии масъалаҳои экологӣ ва иҷтимоӣ, механизми арзёбии пешниҳод ва ҷалби шаҳрвандон.

Нишондиҳандаҳо ва натиҷаи татбиқи Лоиҳа:

  • Тухмиҳо, ниҳолҳо ва маводҳои истеҳсолии дорои сертификат, ки ба фурӯш гузошта мешаванд;
  • Қаноатбахшии мизоҷон аз сифати хизматрасонии Марказҳои агрологистикӣ;
  • Заноне, ки аз хизматрасонии марказҳои агрологистикӣ баҳраёб мешаванд;
  • Такмили махзани маълумот ва истифодаи босамари иттилоот бо мақсади идоракунии ғизо дар ҳолатҳои бӯҳронӣ.

Loading

X