Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” аз чор компонент иборат аст.
Компоненти якум:
Такмил додани шабакаи тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ ва маводҳои истеҳсолӣ (тухмӣ, техника, нуриҳои минералӣ ва ғайра).
Бо мақсади таъмини дастрасии кофии тухмиҳои хушсифат, ниҳолҳо ва маводи истеҳсолии бозоргир, мутобиқ ба шароити маҳал, ба тағйирёбии иқлим устувор ва барои деҳқонон дастрас чунин тадбирҳо андешида мешавад:
Компоненти дуюм:
Дастгирии сармоягузории Марказҳои агрологистикӣ барои такмили занҷираҳои арзиши иловагӣ дар самти меваю сабзавот.
Дар доираи ин компонент ҳамкорӣ байни истеҳсолкунандагон ва коркардкунандагони маҳсулоти меваю сабзавот роҳандозӣ шуда, сохтори устувори озуқаворӣ таъсис ва маҳсулоти рақобатпазири бозор (барои савдои чакана ва содирот) бо иштироки шарикони рушд афзоиш дода мешавад.
Компоненти сеюм:
Такмили иқтидори муассисаҳои давлатӣ барои пешгирӣ ва идоракунии ҳолатҳои бӯҳронӣ
Фаъолияти ин компонент ба такмили иқтидори муассисаҳои давлатӣ барои пешгирӣ ва идоракунии ҳолатҳои бӯҳронӣ, баҳогузории пешакӣ ба истеҳсоли маҳсулот ва муайян намудани ҳосилнокӣ, пешгӯӣ ва пешгирии ҳолати бӯҳронии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дар марҳилаи аввал андешидани чораҳои зиддибӯҳронӣ, тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани оқибатҳои он равона карда шудааст.
Компоненти чорум:
Идоракунии лоиҳа, ҳамоҳангсозӣ, мониторинг ва баҳогузорӣ, баррасии масъалаҳои экологӣ ва иҷтимоӣ, механизми арзёбии пешниҳод ва ҷалби шаҳрвандон.