Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

18 январ дар Душанбе миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд Созишномаи грантӣ оид ба маблағгузории иловагии Лоиҳаи баланд бардоштани устувории кишоварзӣ ба имзо расид. Ҳадафи асосии лоиҳа ин мустаҳкам намудани заминаи бахши устувори соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии дахолати изтирорӣ барои ҳалли мушкилоти ғизо дар Тоҷикистон мебошад.

Арзиши умумии лоиҳа 39 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил дода, ба 50 млн доллари амрикоӣ баробар мебошад.

Созишномаҳои грантиро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ ба имзо расониданд.

 

Loading

X