Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Санаи 2-юми июни соли 2022 дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири кишоварзӣ, мӯҳтарам Нигина Анварӣ маҷлиси нахустини Кумитаи техникии лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”  баргузор гардид.

Тибқи тартиботи лоиҳаи мазкур дар ҳар семоҳа таҳти роҳбарии муовини вазир, раиси Кумитаи техникии лоиҳа маҷлис доир гардида, ҷараёни татбиқи лоиҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар доираи салоҳияти Кумитаи техникии лоиҳа масъалаҳои зерин фаро гирифта мешавад: (i) баррасии масъалаҳо ва тавсияҳои маркази татбиқи лоиҳа оид ба беҳдошти сифати татбиқи лоиҳа; (ii) пешниҳоди машварати техникӣ оид ба усулҳои татбиқи лоиҳа; (iii) таъмини иқтидори институтсионалии сохторҳои маркази татбиқи лоиҳа;  (iv) баррасӣ ва таҳлили ҳамаи санадҳои дар доираи татбиқи лоиҳа омодашуда ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба беҳдошти фаъолият.

Дар асоси рӯзномаи ҷаласа директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар кишоварзӣ” Д.Саторӣ, муовини директор/ ҳамоҳангсози лоиҳа Б.Қурбонов, сармутахасиси мониторинг ва арзёбии лоиҳа М.Ӯрунбаев ва сармуҳосиби муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар кишоварзӣ” И.Муродов аз ҷараёни татбиқи лоиҳа маълумоти муфассал дода ба саволҳои иштирокчиён  посух доданд.

Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи техникии лоиҳа  мӯҳтарам Нигина Анварӣ   маҷлисро ҷамъбаст намуда изҳор намуд, ки ҳар чӣ зудтар мушкилоти марҳилаҳои  татбиқи лоиҳа бо дастгирии вазорат ва идораҳои дахлдор ҳалли худро меёбад.

Loading

X