Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ» МУҲТАРАМ ДАЛЕР САТОРӢ БАХШИДА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ ТИРГОН

Чи рамзи нек аст барои мардуми тоҷик, ки ҷашни Тиргон бо ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу субот пайвастагии зич дорад. Моҳи тир тирмоҳ баробарии 21-июн 21-июл дар фасли гармо рост меояд.

Дар ин давра ғалла ва меваҳои зиёд пухта мерасанд. Ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин руёнидаи деҳқонон оғоз мегардад. Ҷашни Тиргон, ҷашни расиши гандуму нон, ҷашни обу ободии инсон, ҷашни хуршеди тобон аст, ки монанди Меҳргон, Сада, Наврӯз дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодиамон қарор дошта аз замонҳои дуродури таърих манша мегирад. Аҷдодони мо бо заҳмату талоши пайвастаашон дар роҳи илму адаб тавонистаанд дар тули таърих бароямон фарҳанги волою ғанӣ ва инсонсозро ба мерос гузоранд.

Истиқлолияти комили давлати барои эҳёи расму ойин, ҷашнҳои миллӣ ва суннатҳои бостонӣ як марҳалаи тозае эҷод намуда, ба он умри дубора бахшидааст. Маҳз бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму оинҳои нек, суннатҳои бостонӣ, ҷашнҳои миллӣ аз нав эҳё гардида, он ҳифз карда мешавад. Эҳёгарӣ ва тамаддунофарии имконият дод, ки мақому манзалати миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи хосаро соҳиб шавад, ҷаҳони муосир миллати тоҷикро ҳамчун миллати таъриху фарҳанги бой дошта, дорои тамаддуни гаронбаҳо, фарҳангсолору башардӯст шиносанд ва эътироф намоянд.

Дар шароити кунунӣ ва ҷаҳонишавӣ, ҷашну маросимҳои фарҳангию суннатӣ муҳимтарин омили муттаҳидкунандаи умумиятҳои гуногуни башарӣ ба шумор мераванд. Ин гуна ҷашнвораҳо дар замири ҷавонон, наврасон ва миёнсолон як эҳсоси ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносиро бедор менамояд.

Ҷашни Тиргон ҷашни расиши гандуму нон ҷашни обу ободии инсон, ҷашни ҷавонмардони хуршеди тобон, ҷашни тобистон, ки эҳёгари он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Дар ин рӯзҳои фараҳбахш ҳамаи Шумо ҳамватанони азизро ба ифтихори ҷашни Тиргон самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, саодату пирӯзӣ ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон суботу оромии ҷовидонаро таманно менамоям.

Loading

X